Раиси Сенати Олий Маҷлис бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Мисри Араб мулоқот кард

    Дар ин рӯзҳо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон Танзила Норбоева барои иштирок дар конфронси 27-уми Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Шарм-эш-Шайх баргузор мегардад, дар Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дорад.

    Дар ҷараёни сафар Танзила Нарбоева як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Аз ҷумла, дар Қоҳира бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулваҳоб Абдурразоқ мулоқот барпо гардид.

    Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои рушди ҳамкориҳои фаъол дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва парлумонӣ баррасӣ шуданд.

    Т.Норбоева қайд кард, ки равобити байнипарлумонӣ яке аз механизмҳои муҳими рушди муносибатҳои байни кишварҳоямон дар тамоми сатҳҳо мебошад ва омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо парлумони Миср, аз ҷумла ба роҳ мондани назорати мунтазами парлумонӣ аз болои иҷрои вазифаҳо дар доираи табиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилгардида изҳор кард. А.Абдурразоқ, дар навбати худ, бо қаноатмандӣ қайд кард, ки солҳои охир ҳамкориҳо ба сатҳи наву баландтар баромада, дар соҳаҳои гуногун натиҷаҳои бузурги амалӣ ба даст оварда мешаванд.

    Ҳамзамон, ташаббуси ташкили нахустин форуми занони роҳбари порлумонҳои кишварҳои араб ва мусалмон дастгирӣ ёфт, ки баргузории он соли 2023 дар Самарқанд дар назар аст.

    Илова бар ин, аҳамияти таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои ҷонибҳо ва рушди муколамаи байнипарлумонӣ қайд карда шуд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла занону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дар ҳарду кишвар маҳсуб меёбад. Инчунин оид ба роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

    Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

    Дар рафти мулоқот дар бораи коркард ва дар амал ҷорӣ кардани “харитаи роҳ”, ки масъалаҳои густариши минбаъда ва рушди ҳамкорӣ байни ҷонибҳоро ба танзим меорад, мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates