Меҳмононро муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев пешвоз гирифт.
Аъзои ҳайати вакилони Миср ба боғи «Ӯзбекистони Нав» рафта, ба пояи Муҷассамаи истиқлолият гулчанбар гузоштанд.
Ба меҳмонон дар бораи моҳият, аҳамият ва хусусияти ин ансамбли меъморӣ маълумот дода шуд.
Дар ҷараёни сафар мулоқоти ҳайат бо роҳбарии Абдулваҳоб Абдулрозиқ бо роҳбарони палатаҳои Олий Маҷлис ва боздид аз ёдгориҳои таърихию меъмории Самарқанди бостонӣ дар назар аст.