Зимни суҳбат бо директори дафтари Женеваи сохтори «Занони СММ» София Каллторп, махсусан ба ислоҳоте, ки ба таъмини ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ дар Ӯзбекистон равона шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Қайд шуд, ки корҳои системавие, ки дар соҳаҳои маориф, шуғл ва мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ анҷом дода мешаванд, дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор доранд. Ҳамчунин ба фаъолияти Маркази таълимии занони афғон дар шаҳри Термез таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ дар мулоқотҳо бо раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федеративии Олмон Анке Релингер, раиси парлумони Сингапур Си Кеан Пенг, муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷористон Янош Латорсай ва раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Ерлан Кошанов низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳое ба монанди мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва фаъолсозии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ муҳокима шуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар рӯзнома сафарҳои расмии мутақобилаи вакилони парлумони Олмон ва Маҷористон дар назар дошта шудаанд. Бо Сингапур созишномаҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи модернизатсияи идоракунии давлатӣ, рақамикунонӣ ва мубориза бо коррупсия ба даст омадаанд. Ҳамчунин бо ҳайати парлумонии Қазоқистон доир ба таҳкими суботи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ табодули афкор сурат гирифт.