Дар ҷараёни Саммит, ки дар он занон-раисони парлумонҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон иштирок доштанд, як қатор масъалаҳои марбут ба роҳбарии занон, тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои онҳо ва пешбурди сиёсатҳои фарогир баррасӣ гардиданд. Ба нақши занон-парлумонҳо дар таъмини сулҳу суботи устувор таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар доираи ҷаласаи аввалини Саммит Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева маърӯза карда, таъкид сохт, ки асосҳои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» дар Стратегияи таҳияшуда ва татбиқшавандаи «Ӯзбекистон – 2030» ва Стратегияи миллии баробарии гендерӣ инъикос ёфтаанд.
Ӯзбекитон ҳамчун яке аз аввалин кишварҳо зикр гардид, ки ташаббускори маъракаи ҷаҳонии дастгирии баробарии гендерӣ зери шиори «Ба баробарии гендерӣ мерасем: амал пас аз амал!» гардида буд, ки ин ташаббус дар Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ муаррифӣ шуда буд.
Дар ҷараёни Саммит ҳамчунин пешниҳодҳо ҷиҳати тақвияти нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва рушди муколамаи муназзами байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва сулҳ баён гардиданд.









