Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар солҳои охир муколамаи сиёсӣ миёни ду кишвар фаъол гардида, сафарҳои мутақобила дар сатҳи олӣ ва баланд хусусияти мунтазам касб намудаанд.

Таъкид шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ, ҳамчунин вохӯриҳо дар ҳошияи саммитҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таҳкими шарикии стратегӣ мусоидат кардаанд.

Доир ба масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Аҳамияти фаъолсозии минбаъдаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ, ки дар парлумонҳои ду кишвар таъсис ёфтаанд, густариши мубодилаи таҷриба ва сафарҳо таъкид шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ба натиҷаҳои амалии дар соҳаҳои ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бадастомада таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, ба таври назаррас васеъ гардидани портфели лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак дар бахши энергетика, хусусан дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия  зикр шуд.

Инчунин таъкид гардид, ки ҳамкории фарҳангӣ-башардӯстона, чорабиниҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ, ҳамчунин шароити мусоиде, ки барои ташкили зиёрати Ҳаҷ ва Умра фароҳам оварда шудаанд, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду халқ мусоидат мекунанд.

Аз ҷумла, аҳамияти Маркази тамаддуни исломӣ, ки дар Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, дар омӯзиши мероси фарҳангии исломӣ дар кишвар махсусан таъкид гардид. Доир ба ҳамкории минбаъда бо ин Марказ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ рушди пайдарпайи муносибатҳои миёни Ӯзбекистон ва Арабистони Саудиро дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумонӣ, қайд намуда, омодагии худро барои идомаи талошҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд изҳор карданд.