Раиси Сенат бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Д. Танг мулоқот кард

    Дар доираи сафари Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоеваба Женева бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) Д.Танг мулоқот баргузор гардид.

    Зимни мулоқот масъалаҳои идома додани корҳои муштарак оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва беҳтар намудани мавқеи Ӯзбекистон дар Индекси ҷаҳонии СУМЗ баррасӣ шуданд.

    Д. Танг таъкид намуд, ки дигаргуниҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнии Ӯзбекистонро бо диққат мушоҳида менамояд, Стратегияи рушд дар соҳаи моликияти зеҳнӣ барои солҳои 2022-2026-ро, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёв тасдиқ намудааст, муфассал омӯхтааст, ки далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи мазкур мебошад.

    Дар рафти мулоқот омодагии СУМЗ бобати расондани ёрии ҳамаҷониба ба Ӯзбекистон дар такомули минбаъдаи қонунгузории миллӣ, пурзӯр гардондани ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ҷорӣ кардани комёбиҳои илм ба ҳар як соҳа таъкид гардид.

    Ҷонибҳо ба талаботи офаридани брендҳои миллӣ ва зарурати ҳифзи номҳои ҷуғрофӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

    Бинобар натиҷаҳои музокирот оиди аз тарафи СУМЗ ҷонибдорӣ карда шудани як қатор ташаббусҳои Ӯзбекистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ созиш ба даст омад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates