Намояндагони Ассотсиатсияи ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар карданд

    Насли оянда 9 Dekabr 2022 673

    Намояндагони Ассотсиатсияи ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон аз Душанбе ва Хуҷанд дидан карда, бо донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, мулоқот карданд.

    Дар вохӯриҳо намояндагони Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон дар бораи сиёсати ҷавонон дар кишварамон, фаъолияти Иттифоқи ҷавонон ва Агентии кор бо ҷавонон, инчунин Ассотсиатсияи умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.

    Дар чорабинӣ, ки дар сафорати кишварамон баргузор гардид, ташкилкунандагони он барои донишҷӯён бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия ва моҳияти Стратегияи рушди Ӯзбекистони нав суҳбати "мизи мудаввар" баргузор намуданд.

    Дар ҳошияи мулоқот бо донишҷӯён, дипломатҳои ӯзбекистонӣ низ аз аҳамияти риояи қонуну қоидаҳои будубош дар кишвар ёдовар шуданд. Ҷавонони донишҷӯ ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.

    Дар чаҳорчӯби ин сафар ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва аз маркази маънавиёту маърифати узбекӣ дар вилояти Суғд дидан кард.

    Зимни суҳбат раиси марказ, номзади илмҳои педагогӣ, дорандаи ордени «Дӯстӣ» Илҳом Юсупов иброз дошт, ки солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳо ба шарофати сиёсати созандагиву бунёдкоронаи роҳбарони ду мамлакат рушду густариш меёбанд.

    «Баъди барқарор шудани анъанаҳои неки ҳамсоягӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мо шоҳиди он ҳастем, ки садҳо ва ҳазорҳо ҷавонписарону духтарони ҳарду кишвар якҷоя таҳсил мекунанд», - зикр гардид дар мулоқот.

    Хабаргузории "Дунё" хабар дод, ки дар ин рӯз миёни Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбеки Тоҷикистон ва Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон ёддошти ҳамкории мутақобила ба имзо расид.

    Дар доираи меморандум масъалаҳои мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи неки ҳамсоягӣ, роҳандозии робита ва ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, табодули таҷриба баррасӣ шуданд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонони Ӯзбекистон, ки ба Тоҷикистон муваққатан мераванд ва ё доимӣ будубош, таҳсил ва кор мекунанд, таъмин карда шавад. Ба ғайр аз ин, барои таъмини татбиқи вазифаҳои дар меморандум муайяншуда мувофиқа шуд, ки "харитаи роҳ" таҳия карда шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates