Сарвазири Гурҷистон аз боғи «Янги Ӯзбекистон» боздид намуда, ба Муҷассамаи Истиқлолият гулчанбар гузошт

    Дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ҳамроҳ бо Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов боғи «Янги Ӯзбекистон»-ро боздид намуда, ба Муҷассамаи Истиқлолият гулчанбар гузошт.

    Ба ҳайати Гурҷистон таҳти роҳбарии меҳмони воломақом оид ба ҳалли меъмории маҷмаа, маънои муҳтавои он ва хусусиятҳои таркибиаш маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Маҷмааи муҳташами монументалӣ ба ҳайат таассуроти амиқ гузошт.

    Бояд қайд кард, ки шиносоӣ бо ин ансамбли бошукӯҳ, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бунёд шудааст, барои меҳмонони воломақом ва ҳайатҳои расмие, ки ба кишварамон меоянд, ба як анъана табдил ёфтааст.


    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates