Сарвазири Ўзбекистон Абдулла Арипов ба халқи Русия ҳамдардӣ изҳор кард

    Воқеаҳо 25 Mart 2024 4793

    Имрӯз, 25 март Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулла Арипов ба Сафорати Федератсияи Русия дар кишвари мо рафта, ба воситаи сафир Олег Малгинов ба тамоми халқи Русия ҳамдардӣ изҳор кард, хабар дод котиби матбуоти ҳукумат Бекод Ҳидоятов.

    «Мо хабари ғамангезро дар бораи қурбониҳои зиёд ва зарар дидани шумораи зиёди одамон дар натиҷаи ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар "Крокус Сити Холл" дар вилояти Маскав бо эҳсоси андӯҳи амиқ қабул кардем.

    Ӯзбекистон ин амали террористӣ алайҳи мардуми осоиштаро қатъиян маҳкум мекунад.

    Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам ба оилаҳо ва наздикони ҳалокшудагон, ба мардуми Федератсияи Русия таслият ва изҳори ҳамдардӣ, инчунин ба ҳамаи ҷароҳатбардоштагон таманнои шифои ҳарчи зудтар изҳор менамоям».

    Қаблан Сарвазир ба Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар робита ба қурбониёни сершумор ва маҷрӯҳшудагон дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи "Крокус Сити Холл" дар вилояти Маскав таслият ирсол кард.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates