Мутаассифона, ҳолатҳои кӯшиши ғайриқонунии берун бурдани
маблағҳои нақдии асъори хориҷӣ, гулӯлаҳои тилло ва ҷавоҳирот ба миқдори бештар
аз меъёрҳои муқарраргардида бо мақсади ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ
низ ба қайд гирифта мешаванд.
Беш аз ҳама, ҳолатҳое нигаронкунандаанд, ки калонсолон
барои содир намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо аз фарзандони худ — аз ҷумла кӯдакони
ширмак ва ноболиғон — истифода мебаранд. Албатта, чунин амалҳо ба ҳеҷ ваҷҳ қобили
қабул нестанд.
Чанде пеш кормандони гумрук дар гузаргоҳи сарҳадии
гумрукии «Навоӣ»-и Раёсати гумруки вилояти Тошканд кӯшишҳои навбатии ғайриқонунии
берун бурдани арзишҳои қиматбаҳоро пешгирӣ карданд.
Аз ҷумла, як зан, ки қасди берун рафтан аз Ӯзбекистонро дошт, кӯшиш кардааст ду
гулӯлаи тиллоии вазнашон дар маҷмӯъ тақрибан 200 граммро пинҳонӣ аз кишвар хориҷ
намояд. Ӯ тиллоро дар памперси кӯдаки ширхорааш пинҳон карда буд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ аз ӯ ҳамчунин ҷавоҳироти тиллоӣ
бо вазни тақрибан 70 грамм ошкор гардид, ки ба назорати гумрукӣ пешниҳод нашуда
буд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши умумии тиллое, ки аз берун бурдани ғайриқонунии
он аз қаламрави кишвар пешгирӣ шудааст, тақрибан 450 миллион сӯм арзёбӣ
мегардад.
Дар ҳолати дигар шаҳрванди кишвари ҳамсоя кӯшиш кардааст
40 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон берун барад. Ӯ маблағро зери
либоси духтари 14-солааш пинҳон карда буд. Ин кӯшиш низ сари вақт пешгирӣ
гардид.
Ёдовар мешавем, ки шахсони воқеӣ метавонанд аз қаламрави Ӯзбекистон маблағҳои
нақдии асъори хориҷиро ба андозаи на бештар аз 100 миллион сӯм бидуни маҳдудият
ва бо риояи талаботи қонунгузории гумрукӣ берун баранд. Ин меъёр ҳам ба шаҳрвандони
кишвар ва ҳам ба шаҳрвандони хориҷӣ (ғайрирезидентҳо) дахл дорад.
Бояд таъкид кард, ки ҷалб намудани ноболиғ ба
содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ҳолате ба ҳисоб меравад, ки масъулияти маъмуриро
сангинтар мекунад.
Барои ҷалб намудани ноболиғ ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима
ба андозаи аз 10 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.
Агар ноболиғ ба содир намудани ҷиноят ҷалб карда шавад, қонунгузорӣ ҷазо дар
шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол-ро пешбинӣ мекунад.
Айни замон вобаста ба ҳолатҳои мазкур санҷишҳои
гумрукӣ идома доранд.