Тағйироти минтақа дар “дарвозаи ҳавоӣ” аллакай эҳсос мегардад. Дар доираи корҳо бобати рушди инфрасохтори нақлиётии мамлакат, фурудгоҳи байналмилалии Андиҷон низ модернизатсия карда мешавад.

Ҳангоми ташриф ба Сарвари давлат дар ин бора маълумот дода шуд.

Аэропорт соли 1978 сохта шуда, дигар ба талаботи замони имрӯза ҷавоб намедод. Бо сабаби маҳдуд будани қобилияти борбардории роҳрави фурудоиву парвоз, набудани низоми равшанидиҳии муосир ва дигар инфрасохтор, имкониятҳои аэропорт барои қабули парвозҳо маҳдуд буданд.

Ҳоло марҳилаи нахустини корҳои таъмирӣ анҷом ёфт. Роҳрави нави парвоз бо дарозии 3 300 метр ва паҳнои 60 метр, пайроҳаи ҳаракат ва таваққуфгоҳи самолётҳо сохта шуд. Системаи заҳбурҳо нав гардида, обҳои зеризаминӣ барҳам дода шуданд. Инчунин, дар ин ҷо сохтмони пайроҳаи дуввуми ҳаракат, насби радар таҷҳизоти замонавии радарӣ, метеорологӣ ва рӯшноӣ аз категорияи CAT-II мутобиқи стандартҳои IKAО идома дорад.

Дар натиҷа, фурудгоҳ метавонад ҳавопаймоҳои бузурги "Boeing" ва "Airbus"-ро, инчунин, парвозҳои шабона ва дар шароити номусоиди обу ҳаворо қабул кунад. Ин барои то 10 баробар афзудани парвозҳои ҳаррӯза имкон медиҳад.

Акнун, дар марҳилаи дувум аз нав сохтани терминали мусофирон дар назар аст. Тавассути ин, иқтидори хидматрасонӣ ба мусофирон дар як соат аз 300 то 1000 мусофир ва шумораи парвозҳо дар як сол аз 584 ба 3700 меафзояд. Ин барои афзудани теъдоди парвозҳо ба шаҳри Андиҷон ва водии Фарғона хидмат мекунад.

Дар аэропорт, ки фаъолияти худро аз нав сар кард, ҳоло парвозҳо дар хатсайри Тошканд – Андиҷон – Тошканд амалӣ мегарданд.

Сарвари давлат аз рӯйи роҳандозии идоракунии самаранок, арзон кардани хизматрасониҳо ва зиёд кардани шумораи парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дастур дод.

Умуман, дар мамлакат ҷиҳати таҷдиди аэропортҳо корҳои бузург амалӣ мегарданд. Солҳои гузашта фурудгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Урганч, Шаҳрисабз, Мўйноқ, Қўқон ва Зомин нав гардид. Боз дар як қатор вилоятҳо раванди модернизатсия идома дорад.