Боздиди Президент аз маҷмӯи муассисаҳои таълимии ҳарбии Хидмати амнияти давлатӣ

    Ҳукумат 7 Yanvar 2022 4185

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Нирӯҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев 7 январ аз литсейи ҳарбиву академии «Темурбеклар мактаби»-и Хидмати амнияти давлатӣ ва Академияи ХАД ба номи Амир Темур боздид ба амал овард.

    Бо қарори Президент аз 28 июни соли 2019 ҷорӣ кардани низоми нави тарбияи ҳарбию ватандӯстонаи наврасон ва тайёркунии кадрҳо барои Нирӯҳои Мусаллаҳ ва хидмати давлатӣ муайян шуда буд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат дар таркиби вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, оид ба вазъиятҳои фавқулодда, ҳамчунин Хидмати амнияти давлатӣ ва Гвардияи миллӣ литсейҳои ҳарбию академии «Темурбеклар мактаби» таъсис ёфтанд.

    Аз ҷумла, дар ноҳияи Юнусободи пойтахт барои литсейи «Темурбеклар мактаби»-и Хидмати амнияти давлатӣ бинои нав сохта шуд.

    Имрӯз ба Президент маълумот дар бораи низоми таълим дар литсейи мазкури ҳарбии академӣ пешниҳод гардид.

    Дар ҷараёни боздиди пешина аз муассисаи таълимӣ, ки моҳи октябри соли 2020 ба амал омад ва ҷамъомади порсолаи Шӯрои амният роҳбари давлат бобати такмил додани таълими ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром ба таърихи Ватан ва қаҳрамониҳои гузаштагони мо як қатор супоришҳо дода буд.

    Ҳангоми ба роҳ мондани таълим дар литсейи «Темурбеклар мактаби» маҳз ин равандҳо ҳамчун асос қабул шуданд. Дар ин ҷо панҷ кафедра амал мекунад. Инҳо илмҳои дақиқ, фанҳои ҷамъиятиву инсонпарварӣ, забонҳои хориҷӣ, рӯҳшиносӣ ва корҳои тарбиявӣ, ҳамчунин тайёрии касбиву амалӣ мебошанд. Дар онҳо омӯзгорони баландихтисос, ки дар пояи озмуни кушод интихоб шудаанд, сабақ меомӯзонанд.

    Литсей ба омӯзиши амиқи таърих ва забонҳои хориҷӣ тахассус дорад. Дар байни ҷавонон саъю кӯшиш барои дохил шудан ба ин муассисаи таълимӣ хеле зиёд аст. Дар соли таҳсили ҷорӣ аз ҷумлаи 5,6 ҳазор довталабон 100 нафар сазовортарини онҳо пазируфта шуданд. Алҳол дар литсей 220 нафар ҷавонон таълим мегиранд.

    Президент синфхонаи лингофонӣ, хонаҳои ташхиси рӯҳӣ ва маънавиятро аз назар гузаронид. Дар маркази омӯзиши мероси Амир Темур бо ҷавонон суҳбат ба амал омад.

    – Шумо, падару модарони шуморо бо он ки дар чунин мактаби пешқадам мехонед, табрику муборакбод менамоям. Шумо шаҳболҳои Ӯзбекистони нав ҳастед. Ин болҳоро чӣ пурқувват мекунад? Дониш! Шумо бояд ду-се забон, илмҳои дақиқ ва таърихи моро мукаммал донед. Мо дар ин мактаб фанни рӯҳшиносиро низ ҷорӣ намудем, онро хуб омӯзед. Шумо тамоми имкониятҳоро доред. Дар ҳамин ҷо бо толибилмони литсейҳои «Темурбеклар мактаби»-и Тошканд, Нуқус, Фарғона ва Шаҳрисабз конфронси алоқаи видеоӣ баргузор шуд.

    Зарурияти гузаронидани озмуни маънавият дар байни хонандагони литсейҳо, иншои тавзеҳоти илмӣ ба ҳар як тузукоти Амир Темур қайд гардид.

    Роҳбари давлат ҳамчунин китобхонаи литсейро тамошо кард. Наврасоне, ки китоб мехонданд, дар бораи шароитҳои дар муассисаи таълимӣ фароҳам овардашуда ва муҳити дӯстии байни толибилмон нақл карданд. Дар байни онҳо тарбиягирандагони хонаҳои бачагона низ ҳастанд.

    – Дар кишвари мо ягон кӯдак аз эътибор берун намемонад, мо барои худро зоҳир кардани ҳар кадоми онҳо шароит фароҳам меоварем. Дар оянда танҳо ҷавонҳое комёб мегарданд, ки мунтазам мехонанд, вақти худро беҳуда намегузаронанд ва соҳиби дониши зиёд мешаванд. Бузургӣ аз тариқи саъю кӯшиш, аз тариқи меҳнат ба даст меояд, – таъкид кард Президент.

    Дар бинои таълимӣ, толори варзишӣ, хобгоҳ, ошхона, нуқтаи тиббии литсей шароитҳои замонавитарин фароҳам оварда шуданд. Машқгоҳи таълимӣ, майдон, ҳавз, автодром ва бозигоҳ низ ба таркиби маҷмӯъ дохил мешаванд. Боз он чиз шоистаи таъкид мебошад, ки литсейи «Темурбеклар мактаби» дар шафати Академияи ХАД сохта шудааст. Дар ин ҷо донишҷӯён ва толибилмон дар муҳити бародарӣ ва анъанаҳои устодиву шогирдӣ тарбия меёбанд.

    Президент ҳамчунин бо шароитҳое, ки дар Академияи Хидмати амнияти давлатӣ мавҷуданд, шинос шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates