Дар ҷараёни мулоқоти Президенти Финландия бо роҳбарияти донишгоҳ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Финландия баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо роҳҳои мушаххаси амалӣ гардондани барномаҳои муштарак, аз ҷумла мубодилаи донишҷӯён ва устодон, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқотиро муҳокима карданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар натиҷа, ҷонибҳо ба тавофуқҳои муҳим оид ба густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ байни ду кишвар ноил гардиданд, самтҳои афзалиятнок барои идомаи ташаббусҳои ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Дар доираи сафараш ба донишгоҳ, Президенти Финландия бо донишҷӯён ва устодони ДИҶД мулоқот анҷом дода, бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Тағйирёбии тавозуни қувваҳо: арзишҳо, манфиатҳо ва нуфуз дар сиёсати хориҷӣ» («The changing balance of power: Values, interests and power in foreign policy») баромад намуд.
Дар суханронии худ Александр Стубб назари худро дар бораи тағйирёбии сохтори сиёсати ҷаҳонӣ, нақши манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, инчунин аҳамияти мавқеи фаъолонаи ҷавонон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ иброз дошт.
Пас аз анҷоми маърӯза ҷаласаи пурмавҷи «суолу ҷавоб» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён тавонистанд бо роҳбари давлати Финландия шахсан суҳбат намоянд ва масъалаҳои мубрами замон, аз қабили дипломатияи иқлим ва ояндаи Иттиҳоди Аврупоро муҳокима кунанд.
Мулоқоти баргузоршудаи Президенти Финландия дар ДИҶД аҳамияти муколамаи фарҳангҳо ва андешаҳо дар бунёди ояндаи устуворро возеҳ нишон дод ва заминаи муҳими густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм байни ду кишвар гардид.








