Дар маҳалла зиёда аз 1,5 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Аксари оилаҳо ба ҳунармандӣ ва тиҷорат машғуланд.

Сарвари давлат бо шароити хонаҳо шинос шуда, бо сокинон суҳбат кард. Намояндагони насли калонсол дар бораи зиндагии маҳалла нақл намуда, ба кишварамон сулҳу оромӣ, ба мардумамон беҳбудӣ хоста,  дуо карданд.

Тавре маълум аст, дар тамоми манотиқи кишварамон барномаҳои «Маҳаллаи обод», «Деҳаи обод» амалӣ шуда, дар доираи он роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ нав карда мешаванд. Ва дар ин маҳалла дар заминаи барномаи “Хонаи обод” беҳбуди инфрасохтор пешбинӣ шудааст.

– Мақсад ва вазифаи мо фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳар як инсон аст, – гуфт Президент.

Сарвари давлат аз устохонаи ҳунармандӣ ва намоишгоҳи хурде, ки дар маҳалла ташкил карда шудааст, дидан кард. Ба шахсони масъул оид ба васеъ гардондани худкории аҳолӣ, ташкил кардани нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ ба сайёҳон супориш дода шуд.