Президент ба оилаи муфтӣ ҳамдардӣ изҳор кард

    Ҳукумат 16 Avgust 2021 12979

    Халқи Ӯзбекистон талафоти бебозгашт дид. 15 август пас аз бемории вазнин раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимов даргузашт.

    Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз ба хонаи марҳум ташриф оварда, ба хонаводаи ӯ ҳамдардӣ баён кард.

    Усмонхон Алимов 1 январи соли 1950 дар ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Вай дар мадрасаи Мир Араб дар Бухоро, Донишгоҳи исломии Тошканд, Донишгоҳи Қаравиййини Марокаш таҳсил кардааст, асосҳои исломро амиқ омӯхтааст, забони арабӣ ва форсиро аз худ кардааст.

    Солҳои 1980-2006 ба ҳайси муовини имом ва имом-хатиби масҷиди Имом Бухории ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд кор кардааст. Дар солҳои 2000-2006 вазифаи саримом-хатибии Вилояти Самарқандро бар ӯҳда дошт.

    Усмонхон Алимов аз соли 2006 ба ҳайси раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, муфтӣ кор кардааст. Вай донишу таҷрибаи бойро ба нафъи кишвар ва мардуми мо истифода мебурд.

    Ташрифи сарвари давлати мо, изҳори ҳамдардӣ ва дастгирӣ аз ҷониби ӯ ба наздикони марҳум тасаллӣ бахшид.

    Ба ҳаққи марҳум дуо хонда шуд.

    Президент аз корҳои неки марҳум ёдовар шуд.

    - Ин барои ҳамаи мо талафоти калон аст. Ӯ шахси барҷаста буд. Бо дониш, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ ӯ сазовори эҳтироми тамоми мардуми мо гардид. Ин бало ба ҷаҳон ранҷу азоби зиёд овард, ҷони чӣ қадар инсонро гирифт! Мо кори аз дастамон меомадаро кардем, аммо ин иродаи Аллоҳ аст. Бигзор Худованди бузург ҷонашро қабул кунад ва ба ӯ аз биҳишт ҷой диҳад. Биёед, ин инсонро ба некӣ ёд карда, корашро идома дода, рӯҳашро шод гардонем, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates