Маҳаллаи Бӯстон имсол пурра обод гардонида шуд. Ҳамаи биноҳои истиқоматии бисёрошёна таъмир шуда, бинои нави маркази маҳалла ба истифода дода шуд.
Президент дар оғоз бо фаъолони маҳалла, собиқадорон ва ҷавонон мулоқоти озод баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки натиҷаҳои ислоҳоте, ки ба ҳалли мушкилот дар сатҳи маҳаллӣ, ободонии маҳаллаҳо ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ равона шудаанд, дар вилояти Сирдарё низ ба таври равшан таҷассум меёбанд.
– Маҳалла чеҳраи ҷомеа аст. Ҳамаи тағйирот дар кишвар пеш аз ҳама маҳз дар ҳамин ҷо инъикос меёбанд. Мо чунин низомеро ба вуҷуд овардем, ки имрӯз ҳалли бисёр масъалаҳое, ки қаблан ҷиддӣ ҳисоб мешуданд, бевосита дар худи маҳалла имконпазир гардид. Мо минбаъд низ ин ниҳодро тақвият хоҳем дод, – таъкид намуд Президент.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти гармӣ ба маблағи 18 миллиард сӯм дегхонаи муосир сохта шуда, инчунин 3,3 километр шабакаҳои гармидиҳӣ кашида шуданд.
Дар биноҳои бисёрошёна 23 нуқтаи инфиродии гармидиҳӣ насб гардид, ки имкон дод низоми пӯшидаи гармидиҳӣ ташкил карда шавад. Бо маблағҳои буҷети маҳаллӣ низомҳои дохилии гармидиҳии 20 бинои бисёрошёна, ки дар онҳо 800 манзил мавҷуд аст, барқарор карда шуданд. Муассисаи томактабӣ бо гармидиҳии мутамарказ ва оби гарм таъмин гардид.
Дегхонаи нави бунёдшуда имкон медиҳад, ки солона 144 ҳазор киловатт-соат неруи барқ ва 627 ҳазор метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад.
Президент оид ба идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони биноҳои бисёрошёна, истифодаи технологияҳои муосир дар сохтмон ва истифодаи дегхонаҳо, инчунин ҷалби мутахассисони соҳибихтисос дастуру супоришҳои зарурӣ дод.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо бо намояндагони “ҳафтгона” ва аҳли калонсол дар бораи дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти маҳалла ва минтақа ба амал меоянд, суҳбат анҷом дода шуд.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди инфрасохтори вилояти Сирдарё дар минтақа рӯйхати ҳадафманд таҳия шуд, ки 215 бинои бисёрошёнаро дар бар мегирад. Дар доираи ин барнома корҳои таъмири сақф ва фасади биноҳо, беҳтар намудани таъминоти гармӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва ободонии ҳудуд анҷом дода мешаванд.