Нуқтаи аввалини барнома корхонаи қаннодии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Almerro group» гардид.

Корхона дар доираи лоиҳаи арзишаш 70 миллиард сӯм ташкил карда шуда, давраи якуми он моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуда буд. Бинои нави истеҳсолӣ қомат рост карда, таҷҳизоти замонавии Туркия гузошта шуд.

Имрўз корхона имкони истеҳсоли қариб 2 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодиро дорад. 95 хели маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти шоколадӣ, ширинӣ, печене, вафли истеҳсол карда мешавад. 120 нафар бо кор таъмин карда шудаанд.

Сарвари давлат аз сифати маҳсулоти қаннодӣ пурсон шуд.

— Сифат хуб. Аммо шумо метавонед хароҷотро боз ҳам камтар кунед. Масалан, агар дар ин ҷо истеҳсоли иловаҳои воридотӣ ба роҳ монда шавад, онро 10-15 фоиз кам кардан мумкин аст. Он гоҳ маҳсулот хуб фурӯхта мешавад, имкони таъсиси ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Баъди ба кор андохта шудани навбати дуюми корхона иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 10 ҳазор тонна мерасад. Пешбинӣ шудааст, як қисми маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя ва Муғулистон содир карда шавад.