Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Ариповро ба ҳузур пазируфт

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 март Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Ариповро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

    Дар мулоқот як қатор масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора сомонаи Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

    Дар баробари ин, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар Душанбе ба кори худ шурӯъ мекунанд, баррасӣ шуданд.

    Бо ишора ба афзоиши гардиши савдои дуҷониба, ки соли гузашта ба беш аз 504 миллион доллар расид, таъкид шуд, ки имкону захираҳо барои чанд баробар афзоиш додани ин рақам вуҷуд доранд. Дар ин замина ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва энергетика, аз ҷумла тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

    Инчунин, баррасии роҳҳои густариши робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates