Дастурҳои дахлдори сарвари давлат бинобар натиҷаҳои Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИСП) рӯзи якшанбе дар сомонаи Кремл нашр шудааст, хабар медиҳад ТАСС.

"Барои таъмини пешгирии сирояти нави коронавирусӣ (COVID-19) имкони эмгузаронии ройгони шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ таъмин карда мешавад" - гуфта мешавад дар яке аз дастурҳо ба ҳукумат, маърӯзае, ки сарвари давлат то 30 июн онро интизор аст.

Ғайр аз ин, то 15 июл Путин супориш дод, ки эмкунии муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия ташкил карда шавад, "манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои дахлдорро муайян кунанд".

Путин зимни суханронӣ дар иҷлосияи ФБИСП 4 июн гуфт, ки Русия тамоми шароити заруриро барои эмгузаронии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави худ аз коронавирус фароҳам меорад.