Президенти Федератсияи Русия бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад

    Ҳукумат 26 May 2024 1519

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 26 май бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омад.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Президенти Русияро сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.

    Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар бардошта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

    Чорабиниҳои асосии сафар фардо, 27 май баргузор мешаванд.

    Зимни музокироти сатҳи олӣ раҳбарон масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русияро баррасӣ хоҳанд кард.

    Дар поёни нишаст қабули бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст. Президентҳо ҳамчунин дар нахустин ҷаласаи Шӯрои минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия ширкат хоҳанд кард.



    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates