– Якҷоя бо иқтисодиёт кӯшиш менамоем соҳаи фарҳангро ривоҷ диҳем. Фарғона аз азал бо мардуми эҷодкораш шуҳрат дорад. Хуб аст, ки дар Қӯқанд театр таъмир карда, шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудааст, ба шарафи адибон ва арбобони санъати бонуфуз музею мактабҳо ташкил карда шуданд. Имрӯз дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон ман пешниҳод кардам, ки номи Зокирҷон Холмуҳаммад-ӯғли Фурқат, Ашӯралӣ Зоҳирӣ, Юсуфҷон қизиқ Шакарҷонов абадӣ гардонда, хиёбони санъаткорон бунёд карда ва умуман фарҳанг дар минтақа ривоҷ ёбад. Ба фикрам, шумо ин ғояҳоро дастгирӣ кунед ва саҳми худро гузоред, он ба рушди санъат, тарбияи ҷавонон хидмат хоҳад кард, – гуфт сарвари давлат.
Муҳим будани беҳтар гардондани фаъолияти театри Қӯқанд, ҷалб намудани режиссёрони боистеъдод аз пойтахт ва баланд бардоштани дараҷаи бадеии спектаклҳо қайд гардид. Дар бораи дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ташкил кардани шуъбаи махсус барои идомаи анъанаҳои дорбозон ва аскияи Фарғона пешниҳод дода шуд.
Президент инчунин аз гармхонаи ҳамин ноҳия дидан кард. Дар ин ҷо 500 нафар ҷавонписарону духтарон, ки ба «дафтари ҷавонон» шомиланд, ба кор ҷалб карда шудаанд.
Сарвари давлат аз муваффақиятҳо ва нақшаҳои онҳо пурсон шуд.
Деҳқонони ҷавон нақл намуданд, ки асосан бо парвариши лимӯ дар гармхона, дар растаҳо – помидор ва қаламфур, дигар сабзавот машғуланд, ки ин ба онҳо даромад меорад ва бобати аз «дафтари ҷавонон» баромаданашон кӯмак мекунад.
Соҳибкори ҷавон Зулхумор Мамаҷонова қайд кард, ки ба оилаи ӯ аз яке аз хонаҳои навбунёди маҳалла ройгон манзил ҷудо карда шуд, оиди нақшаҳои ташкили маҳфилҳои соҳибкорӣ барои ҷавонон аз ҳисоби маблағҳои дар гармхона бадастоварда арзи дил намуда, инчунин ба Президент миннатдорӣ изҳор кард.
– Муносибат ба замин тағйир меёбад, агар мо ҳаракат кунем, натиҷа хоҳад шуд. Ин имконияти хурдест барои шумо. Гармхонаҳои нав бунёд меёбанд, корхонаҳои зиёд созмон дода мешаванд, ба онҳо мисли шумо ҷавонони меҳнатдӯсту соҳибмаълумот лозиманд. Ҳеҷ гоҳ аз ҷустуҷӯи чизҳои нав гирифтани дониш даст накашед. Мо дар Фарғона барои таълимгирии ҷавонон имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.