Ҳокимон ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳо дар бораи тадбирҳои ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, таҳкими қонунгузорӣ ва  тартиботи ҳуқуқӣ андешидашуда ҳисобот доданд. Зимнан зикр гардид, ки баъди муроҷиати дирӯзаи сарвари давлат вазъ ба эътидол омада, ба маҷрои муқаррарӣ бармегардад.

Чӣ хеле ки маълум аст, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Қароқалпоқистон вазъияти фавқулодда ҷорӣ карда шуд. Коменданти ҳудуд дар бораи вазъияти ҳозира ҳисобот дода, таъкид намуд, ки вазъият комилан таҳти назорат гирифта шудааст.