Ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, бародари худ, муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов ва барои истиқболи чун анъана гарму ташкили дараҷаи олии ин чорабинӣ самимона миннатдорӣ баён мекунам.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар шароити кунунии вазъи ноорому мураккаби ҷаҳон, дар замоне, ки суннатҳои анъанавӣ аз санҷиши ҷиддӣ мегузаранд, роҳбарияти Туркманистон рушди адабиёт ва маърифатро ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта, онҳоро ба воситаи самарабахши пешбурди ғояҳои сулҳдӯстонаи арсаи байналхалқӣ табдил дод.
Муътақидам, ки Конфронси кунунӣ дар роҳи таҳкими алоқаҳои бародарона ва қаробати кишвару халқҳои мо, аз ҷумла оммавӣ шудани мероси ғановатманди маънавии мо дар тамоми ҷаҳон қадами муҳими амалӣ мегардад.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Замини саховатманди Туркманистони куҳан бисёр шахсиятҳои бузург – арбобони илм, фарҳанг ва санъатро парваридааст.
Мо аз ин хусус ҳарф зада, табиист, ки шоир, мутафаккир ва олимони машҳури туркман, аз ҷумла Озодӣ, Андалеб, Шайдоӣ, Ғоибӣ, Муллонафасро ба хотир меоварем.
Дар байни онҳо фарзанди бузурги халқи туркман Махтумқулии Фироғӣ, ки мероси эҷодиаш нафақат шеърияти классикии Шарқ, балки адабиёти ҷаҳониро ғановатманд гардонидааст, мақоми махсус дорад.
Асарҳои ҷовидонаи башардӯст, шоир ва мутафаккири бузург Махтумқулӣ бо суннатҳои умумиинсонӣ ҳамоҳанг буда, сулҳу салоҳ, некиву адолатро васф мекунанд.
Дар пояи асарҳои Махтумқулии Фироғӣ, ки 300-умин солгардаш таҳти васояти ЮНЕСКО таҷлил мегардад, ғояи неки: «Ҷаҳонро накӯӣ, дӯстӣ, ҳамкорӣ, меҳру муҳаббат, инсонгароӣ ҳифз мекунанд» маҳфуз мебошанд.
Барои он ки рӯҳу қалби халқи туркманро дарк кунем, сарчашмаи чунин хислатҳо, ба монанди мардӣ, далериву садоқат нисбати дӯстро дарёбем, бояд ба ҷаҳони маънавии Махтумқулӣ фурӯ равем, онро идорк намоем.
Бо ифтихор таъкид мекунам, ки мардуми Ӯзбекистон низ ба Махтумқулӣ ҳурмати баланд дорад, ӯро дӯст медорад.
Вай дар мадрасаи Шерғозихони Хива таълим гирифт, илмҳои дунявӣ ва диниро омӯхт. Ҳамзамон Махтумқулӣ шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишери Навоиро бағоят эҳтиром мекард, аз эҷодиёти ӯ ба ваҷд меомад.
Алҳол дар мамлакати мо шеърҳои хуби Махтумқулӣ мунтазам садо медиҳанд, ғазалҳои зебои ӯ ба сурудҳои дилнишин табдил ёфтаанд. Шубҳае нест, ки асарҳои бемисли вай ба беш аз пеш мустаҳкам гардидани муносибатҳои воқеан бародаронаву дӯстонаи байни халқҳои мо хидмат кардаанд.
Дар Ӯзбекистон бинобар васеъ таҷлил намудани 300-умин солгарди Махтумқулии Фироғӣ қарори махсус қабул карда шудааст. Вобаста ба ин сана шабнишинӣ, озмун, конфронс ва машваратҳои адабӣ гузаронида мешаванд. Дар театрҳои мо намоишномаҳо гузошта шуда, киноофарандагони ӯзбек ва туркман муштаракона оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир филми бадеӣ офаридаанд.
Алҳол дар пойтахт ва минтақаҳои мо кӯча ва хиёбонҳо бо номи Махтумқулӣ гузошта шудаанд. Дар Тошканд ва Хива ҳайкали ин арбоби бузург қад рост кардааст.
Мо ҳамчунин эҳтиромеро, ки дар Туркманистон нисбати халқи ӯзбек, фарҳанг, санъат ва суннатҳои миллии он зоҳир карда мешаванд, бағоят қадр мекунем.
Дӯстони муҳтарам!
Аз он самимона хурсандем, ки бо ташаббуси роҳбарияти Туркманистон маҷмӯи муҳташами ёдгории «Махтумқулии Фироғӣ» бунёд гардидааст. Он тимсоли равшани хирад ва кушодадилии халқи бародари туркман, хоси маърифати ӯст.
Чунин сиёсати дурандешона, бетарафии мусбати Туркманистон пояи комёбиҳои бузурге гардиданд, ки тӯли 30 сол бинобар таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани некуҳолии халқ ба даст омадаанд.
Мо аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Туркманистон Соли байналхалқии сулҳу салоҳ ва эътимод эълон гардидани соли оянда, ҳамчунин ба роҳ монда шудани платформаи мулоқоти нодири ҷаҳониро дастгирӣ мекунем.
Бовар дорам, ки ҳамоиши байналхалқие, ки моҳи декабри соли оянда дар Ашхобод мегузарад, дар ин иқдоми нек воқеаи хотирнишин мегардад. Тайёрем ба бародарони туркмани худ тамоми кумакҳои заруриро расонем.
Дӯстони азиз!
Махтумқулии Фироғӣ навиштааст:
«Худовандо! Бигузор саҳроҳои беканор гулпӯш шаванд,
Бигузор асосҳои давлати мо мустаҳкам гарданд!»
Алҳол орзуву омоли деринаи Махтумқулии Фироғӣ, ки бо садоқати фарзандона барои ояндаи дурахшон мубориза мебурд, ҳақиқат ва адолатро васф мекард, амалӣ мешаванд. Мо дар Ӯзбекистон рушди пуравҷи Туркманистони бародарӣ, зиёд гардидани нуфузи байналхалқии онро бо хурсандии бузург мушоҳида мекунем.
Дар поёни сухани худ мехоҳам бигӯям: бигузор Туркманистон, ки ба олам шахсияти бузурге чун Махтумқулии Фироғиро додааст, ҳамеша шукуфон бошад!
Бугузор дар кишварҳои мо сулҳу салоҳ ҳукмрон дӯстии мо абадӣ бошад!









