Бо ташаббуси Президенти мамлакат дар солҳои охир дар ҳамаи майдонҳои таълимии саҳроӣ ва қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофаа корҳои модернизатсия гузаронида шуда, онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуданд.

Полигони нави қувваҳои амалиёти махсус, ки бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва равандҳои замонавии тайёр кардани қувваҳо ташкил шудааст ва имкон медиҳад, ки омодагии самараноки воҳидҳои махсус ба роҳ монда шавад, идомаи мантиқии ин корҳо мебошад.

Дар объектҳои полигон барои такмил додани малакаҳои ҷангии ҳайати шахсӣ, ба роҳ мондани машғулоти тайёрӣ ва баланд бардоштани устувории маънавӣ ва рӯҳӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат бо усулҳои нав оид ба ташкил кардани машқҳои ҷангӣ ва махсус шинос шуда марҳилаи фаъоли машқҳоро, ки бо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор мешуданд, мушоҳида кард.

Дар рафти машқ қобилиятҳои ҷангии воҳидҳои низомии ба артишҳои гуногун тааллуқдошта ва сатҳи ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки онҳо, инчунин системаҳои нави рақамии фармондеҳии нерӯҳо ва силоҳҳо намоиш дода шуданд.

Усулҳо ва роҳҳои самараноки истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар амалиёти гуногуни ҷангӣ, ҳамоҳангии амалҳои десанти ҳавоӣ, артиллерия, авиатсия, системаи дифои ҳавоӣ ва қувваҳои заминӣ дар иҷрои вазифаҳои гуногуни таълимӣ-ҷангӣ нишон дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол ба арзёбии сатҳи малакаи қабули қарорҳои мустақил ва маҳорати идоракунии фармондеҳони хурд бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ, ҳамчунин маҳорати касбии ҳарбӣ дар истифодаи самараноки силоҳ ва техникаи муосир дар шароити зуд тағйирёбии вазъияти ҷангӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Дар анҷоми машқ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба сатҳи омодабошӣ ва ҳамоҳангии амалҳои муштараки воҳидҳо баҳои баланд дод.

Дар суҳбат бо ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ Сарвари давлат таъкид кард, ки дар давраи ноороми имрӯза, ки таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳонӣ афзуда истодаанд, тақвияти минбаъдаи иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ бо такмил додани маҳорати касбӣ, ҳамчунин таъмин намудани якпорчагии халқ ва артиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ бояд пойгоҳи асосии ислоҳотҳои низомӣ бошад.