Президенти Туркманистон Сарвари давлатамонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ӯзбекистон, ки як рӯз пеш баргузор шуд, самимона табрик гуфт.
Равобити фаъол дар ҳама сатҳҳо бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд. Аз аввали сол ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ, машваратҳои сиёсӣ, мулоқотҳои вазирони нақлиёт, энергетика ва фарҳанг бомуваффақият баргузор шуданд.
Муомилоти мол бо суръати устувор меафзояд. Барномаҳои муҳими башардӯстӣ ба амал бароварда мешаванд, ки ба ҳам наздик кардани ду халқи бародар нигаронда шудааст.
Сарони Туркманистон ва Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкориҳои амалиро қайд карданд.