Президент Осиф Алӣ Зардорӣ ба Сарвари давлати мо мукофоти олии давлатиро тантанавор супорид.
Зикр гардид, ки ин мукофоти бонуфуз эътирофи шоистаи талошҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба, инчунин ифодаи муносибати дӯстона ва эҳтироми амиқ нисбат ба мардуми Ӯзбекистон мебошад.
Итминон изҳор шуд, ки шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Покистон аз лиҳози мазмун ба марҳалаи нав бардошта мешавад.
Бояд гуфт, ки ин мукофоти олӣ дар солҳои гуногун ба Маликаи Британияи Кабир Елизавета II, Президенти ИМА Ричард Никсон, Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела, Подшоҳи Таиланд Пхумипон Адулядет, Президенти АМА Шайх Зоид бин Султон Ол Наҳаён, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва дигарон супорида шудааст.