Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо истифода аз навтарин технологияҳои ҷопонӣ баррасӣ гардиданд.
Ба иштироки JOGMEC дар ҳамкорӣ бо ITOCHU Corporation дар азхудкунии конҳои уран дар вилоятҳои Навоӣ ва Қашқадарё баҳои баланд дода шуд. Ҳамчунин, нақшаҳои ширкатҳо ҷиҳати истихроҷи металлҳои қиматбаҳо дар конҳои ояндадори минтақаҳои гуногуни кишварамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки Ӯзбекистон таҷрибаи чандинсолаи ҳамкорӣ бо ITOCHU Corporation дар соҳаҳои мошинсозӣ, геология ва инфрасохтор дорад. Ба даст омадани созишномаҳои дарозмуддат оид ба содироти маъданҳои муҳими стратегӣ ба Ҷопон бо қаноатмандӣ зикр шуданд.
Ба самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тозакунии об, саноати автомобилсозӣ, навсозии низомҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, инчунин лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.