"Air Products" ба истеҳсол ва интиқоли газҳои саноатӣ ихтисосонида шудааст. Арзиши бозории он зиёда аз 63 миллиард доллари ИМА мебошад. Ширкат ҳамасола дар зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон 200 миллион тонна газҳои саноатӣ истеҳсол намуда, тақрибан 750 иншооти истеҳсолиро идора мекунад.
Бо яке аз ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар ташкили корхонаҳои саноатии технологии баланди Ӯзбекистон сармоягузории фаъол мекунад, паҳлуҳои амалӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардиданд.
Ҳоло сармоягузориҳои ширкати мазкур ба мамлакат аз 1 миллиард доллар афзуд. Коркарди газҳои саноатӣ дар заводи "GTL", истеҳсоли гидроген дар корхонаи коркарди нафти Фарғона, истеҳсоли гази карбон дар "Навоийазот" ва таъсиси маркази яхкунии "Шокли" барин лоиҳаҳо татбиқ гардиданд.
Ҳамчунин, дар бораи сохтмони маҷмааи кимиёии газӣ дар Бухоро, газкунии ангишт ва истеҳсоли сӯзишвории ҳавоии аз лиҳози экологӣ тоза тавофуқҳои дахлдор ба даст омаданд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо дар бораи қабули "харитаи роҳ" ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.