Ин қатора, ки ба ифтихори сарлашкари бузург Ҷалолиддини Мангубердӣ номгузорӣ шудааст, аввалин аз шаш қатораи «Hyundai Rotem» мебошад, ки ба Ӯзбекистон оварда мешаванд. Қатора аз ҳафт вагон иборат буда, метавонад бо суръати то 260 километр дар як соат ҳаракат кунад.
Қатораи сафед бо шишаҳои торик бо рахҳои ранги кабуд, сабз ва сурх, ки парчами Ӯзбекистонро ба ёд меоранд, оро дода шуда, инчунин навиштаи «Jaliloddin Manguberdi» дорад. Дарозии он 175 метр буда, тақрибан 390 мусофирро дар се синф — VIP, бизнес ва иқтисодӣ қабул карда метавонад.
Қатора бо дарназардошти шароити иқлимии Ӯзбекистон махсус тарҳрезӣ шудааст: он бо низомҳое муҷаҳҳаз аст, ки ба чанг, ҳарорати хеле баланду паст ва тӯфонҳои қум тобовар мебошанд ва барои масофаҳои дур пешбинӣ шудааст.
Дар ояндаи наздик қатораи «Ҷалолиддини Мангубердӣ» дар хатсайри Тошкент – Ургенч – Хива ба ҳаракат медарояд. Пешбинӣ мешавад, ки вақти сафар 7 соатро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни сафар, сарвари давлат бо фаъолони вилоят, собиқадорони меҳнат ва ҷавонони ташаббускор суҳбати самимӣ анҷом дод.
Ҳамчунин, атрофи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишвар ҷараён доранд, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва ташаббусҳои нек, ки ба манфиати аҳолӣ ва фроҳам овардани қулайӣ татбиқ мешаванд, табодули афкор сурат гирифт.
Пас аз расидан ба Нарпай Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти гармхонаи парвариши қулфинай бо усули гидропоника дар ноҳияи Нарпайи вилояти Самарқанд шинос шуд.
Дар Самарқанд аз қадим кишоварзӣ рушд ёфта, таҷрибаи бойи истифодаи самараноки замину об ғанӣ шудааст. Дар ноҳияи Нарпай низ ба истифодаи оқилонаи ҳар як порчаи замин ва захираҳои об, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи аграрӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
Имрӯз таваҷҷуҳ ба парвариши маҳсулот бо усули гидропоника меафзояд. Яке аз хоҷагиҳои пешсаф дар ин самт корхонаи «Нарпай кулупнай» мебошад, ки ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардидааст.
Арзиши умумии лоиҳа 650 ҳазор долларро ташкил дода, дар майдони як гектар гармхонаи муосир бунёд шудааст. Дар ин ҷо имкон аст, ки соле то 50 тонна қулфинай парвариш карда шавад.
Ҳоло корхона маҳсулоти худро таҳти тамғаи «Нарпай қулупнайлари» ба шабакаҳои бузурги савдои чакана пешниҳод мекунад. Ин ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Дар технологияи гидропоника қулфинай бе истифодаи хок — бо маҳлулҳои махсуси ғизоӣ парвариш мешавад. Решаҳои растаниҳо дар субстрати кокосӣ рушд мекунанд, ки обро хуб мегузаронад. Моддаҳои минералӣ мустақиман тавассути об ба растаниҳо мерасанд, ки ин сарфи нерӯи онҳоро кам карда, афзоишро метезонад. Ҳосилнокӣ бошад нисбат ба усулҳои анъанавӣ чанд маротиба баландтар аст.
Ғайр аз ин, гидропоника имкон медиҳад, ки дар масоҳати хурд ҳаҷми зиёди маҳсулот ба даст оварда шавад. Муҳимтар аз ҳама, аз ҳисоби набудани хок, масрафи об то 80 фоиз кам мешавад. Азбаски хавфи бемориҳои растанӣ хеле кам аст, истифодаи моддаҳои кимиёвӣ низ ба ҳадди ақал мерасад. Ин ба тозагии экологӣ ва мутобиқати маҳсулот ба талаботи муосир мусоидат мекунад.
Дар гармхона технологияҳои сарфакоронаи об ҷорӣ шудаанд. Аз ҷумла, барои ҷамъоварии оби борон ва истифодаи самараноки он ҳавзи калон сохта шудааст. Ҳамчунин таҷҳизоти автоматикунонидашудаи гидропоникӣ, панелҳои офтобӣ ва низоми рӯшноии каммасраф насб гардидаанд, ки хароҷоти истеҳсолиро коҳиш медиҳанд.
Аҳамияти чунин лоиҳаҳо дар таъмини интиқоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми сол таъкид гардид. Ҳамчунин нақшаҳои ояндаи соҳибкор пешниҳод карда шуданд.
Аз ҷумла, дар оянда васеъ намудани лоиҳа ва бунёди гармхонаҳои нав дар масоҳати 60 гектар пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсолот то 300 ҳазор тонна дар як сол зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Сарвари давлат аҳамияти густариши чунин гармхонаҳоро инчунин дар хонаводаҳо барои фароҳам овардани манбаъҳои устувори даромад таъкид намуд.
– Имрӯз, мисли дигар соҳаҳо, дар ин самт низ истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ зарур аст. Агар кор дуруст ба роҳ монда шуда, мардум омӯзонида шаванд ва таҷрибаи Нарпай васеъ паҳн гардад, мардуми мо метавонанд тамоми сол бо усули гидропоника маҳсулот парвариш намуда, бозорро ғанӣ гардонанд ва даромади хуб ба даст оранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.