Вохӯрии самимӣ бо интихобкунандагони Сирдарё

    Интихоботи 7 Oktabr 2021 3268

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон -- Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв 7 октябр бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё вохӯрд.

    Ҷамъомадро шахси боэътимоди номзад дар вилояти Сирдарё П.Аҳмедҷонов ифтитоҳ намуд.

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ маърӯза кард.

    Барнома аз даҳ афзалият иборат аст, ки ҳадафи онҳо ба сатҳи нави рушд расонидани кишвари мо мебошад. Ин рушди иқтисодиёт дар асоси илм ва технологияҳои баланд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути соҳибкории фаъол ва дастгирии мақсадноки молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардондани сифати таълим ва тайёр кардани кадрҳои рақобатпазир, таҳкими саломатии аҳолӣ, рушди мутавозуни минтақаҳо, такмили системаи идоракунии давлатӣ, таъмини волоияти адолат ва қонун, пешбурди сиёсати ошкоро ва амалии хориҷӣ, рушди соҳаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ мебошанд.

    Ба дигаргуниҳое, ки дар вилояти Сирдарё ба амал меоянд, таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, дар тӯли панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсолоти маҳаллӣ ва хизматрасонӣ дар вилоят қариб ду баробар афзудааст. Сармоягузорӣ дар минтақа 3,5 маротиба, сармоягузории мустақими хориҷӣ 9 маротиба афзоиш ёфтааст.

    Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, рушди ҳамаҷонибаи минтақа ва беҳбуди зиндагии аҳолӣ дода шуд.

    Барои ин номзад лоиҳаи барномаи панҷсоларо таҳия кардааст. Аз ҷумла, ду баробар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути киштгардон, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ва рушди тухмипарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ ва анорпарварӣ дар назар дошта шудааст.

    Вилоят барои рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда имкониятҳои калон дорад. Ба ин муносибат, қайд карда шуд, ки барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои драйверӣ дар ҳар ноҳия гурӯҳи лоиҳавӣ таъсис дода мешавад.

    Умуман, дар панҷ соли оянда дар вилоят ба маблағи 5 миллиард доллар татбиқи 2000 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кимиё, нассоҷӣ, сохтмон, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин 60 000 ҷойҳои кории доимӣ фароҳам меорад. Таъкид шуд, ки дар ин муддат содироти минтақа метавонад 5 маротиба - соле то 1 миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт.

    Номзад инчунин ба вазифаҳои сохтмони манзил, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт ва муҳандисӣ дахл кард. Аз чумла, дар панҷсолаи наздик сохтани 10 хазор квартира пешбинӣ шудааст. Низоми таъминоти оби нушокӣ ва канализатсия беҳтар карда хоҳад шуд. Таъмир ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ба нақша гирифта шудааст. Хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилоят ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд.

    Ҳамчунин нақшаҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ эълон карда шуданд.

    - То ки Ўзбекистони нав сохта шавад, самараи ислоҳотамонро баланд бардорем, имрӯз ба мо идоракунии маърифатӣ - менеҷменти оқилона ва самарабахш лозим, ки ба илм ва қонунҳои адолатнок асос ёфта бошад. Имрӯз мардум ва ҳатто худи ҳаёт раҳбаронеро, ки нисбати мушкилоти одамон бепарвоанд ва бо услуби "тавре ки гуфтам, ҳамин тавр хоҳад буд" кор мекунанд, қабул намекунанд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Номзад изҳор дошт, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои дар барнома пешбинишуда ҳама имкониятҳо мавҷуданд, дар ин масъала ӯ ба боварии сокинони меҳнатдӯсти Сирдарё такя хоҳад кард.

    Намояндагони ҳизб, собиқадорони меҳнат, ҷавонон дар вохӯрӣ ба сухан барома, қайд карданд, ки номзадии Шавкат Мирзиёевро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ хоҳанд кард ва дигаронро низ ба ин даъват карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates