Ба ҳамватаноне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доштанд, барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо ва ташкили бозгашти бехатар ба Тошканд кумаки амалии зарурӣ расонида шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Ёдрас мекунем, ки аз 30 июл то 30 август дар Ӯзбекистон иқдоми хайрияи «Ватанга қайтариш» («Бозгашт ба Ватан») баргузор мегардад. Ҳадафи он – дастгирии шаҳрвандоне мебошад, ки дар шароити душвор дар хориҷ қарор доранд, мусоидат ба бозгашти онҳо ва ҳам реингратсияи бомуваффақият дар Ватан мебошад.
Барои пешниҳоди ариза лозим аст ба намояндагиҳои Оҷонсии муҳоҷират дар хориҷ, намояндагиҳо ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷ, ба @huquqiyyordamuzbot муроҷиат кардан ё ба рақами кӯтоҳи 12-82 занг задан мумкин аст.








