Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт гоҳе барфи каме меборад. Шамол бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-14 пурзӯр гардад. Ҳарорат 1-3 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо барф меборад, фаромадани туман дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа хунук мешавад.