Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳаво нимаабр шуда, бориш ба назар гирифта нашудааст, танҳо дар Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба вуҷуд меояд. Дар вилоятҳои водии Фарғона шомгоҳон дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ мешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 23-28 дараҷа хоҳад шуд.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт бориш намешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 26-28 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон меборад, раъду барқ ба амал меояд. Пайдоиши ҳодисаҳои селу обхезӣ аз имкон дур нест. Ҳарорати ҳаво 10-15 дараҷа мешавад.