Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво нимаабр мешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳаво то 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, эҳтимоли раъду барқ, дар баъзе ноҳияҳо боридани жола ҳаст. Шамол то дар як сония то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.