Бино ба маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан боришот (борону барф) меборад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 1 дараҷа сард - 1дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан боришот (борон, барф) борида, дар баъзе ҷойҳо шиддат мегиранд. Эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 0-5 дараҷа хунук мешавад.