Имрӯз дар саросари кишвар ҳавои хушку гарм идома хоҳад кард. Дар баъзе ҷойҳо шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат гирифта, ғубори чанголуд ба амал меояд. Эҳтимоли гузаштани селҳои пиряхӣ аз доманакӯҳҳо ва қаламрави кӯҳистонии вилояти Фарғона ҳаст. Ҳарорати ҳаво 40-45 дараҷа, дар минтақаи шимолӣ, ҷанубӣ ва биёбонӣ дар баъзе ҷойҳо то 47 дараҷа мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво офтобӣ мешавад. Ҳарорати баландтарин ба 41-43 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор борон намеборад. Шамол бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 30-35 дарҷа мешавад.