Бино ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт борон борида, баъзан шиддат мегирад. Шамол аз самти шарқ бо гузаштан ба самти ғарб дар як сония 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр шиддат гирад. Ҳарорат 16-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) борида, баъзан шиддат гирифта, туман фаро мегирад. Ҳодисаҳои омадани селу обхезӣ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо ҳаракат ба самти ғарб дар як сония 7-12 метр мевазад, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр афзоиш меёбад. Ҳарорат 7-12 дараҷа гарм мешавад.