Ба иттилои хидмати “Узгидромет” нимаи аввали рӯз дар пойтахт борон меборад. Шамол бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр шиддат гирад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад, дар баландкӯҳ дар баъзе ҷойҳо боришот шадид мешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.