Хидмати Узгидромет хабар медиҳад, ки дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 26-28 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат, баъзан шадид меборад. Эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Ҳодисаҳои сел имконпазир аст. Дар баъзе ҷойҳо шамол дар як сония то 18-23 метр мевазад ва баъзе ноҳияҳоро шамоли чанголуд фаро мегирад. Ҳарорат 13-18 дараҷаро ташкил медиҳад.