Бино ба маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт эҳтимоли каме боридани борону барф ҳаст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 3-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, туман падид меояд. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа хунук мешавад.