Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад, раъду барқ ба амал меояд ва жола меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, то 12-17 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 16-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон меборад, баъзан шиддат гирифа, раъду барқ ба амал меояд, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Дар баландкӯҳҳо ба барф табдил ёфтанаш мумкин аст. Шамол бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат 7-12 дараҷа гарм мешавад.