Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон гоҳ-гоҳ барф меборад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Хавфи тармакӯчӣ низ мавҷуд аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.