Бинобар маълумоти хидмати “Узгидромет”, дар нимаи аввали рӯз дар пойтахт борони сабук ва нимаи дуюми рӯз боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр шиддат гирад. Ҳарорат 18-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борон борида, баъзан шадид мешавад. Ҳодисахои селу обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 8-13 дараҷа гарм мешавад.