Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 13–18 метр шиддат гирад. Дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли падид омадани бодҳои чанголуд вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво 32–37 дараҷа гарм, дар ҷануб то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3–8 метр вазида, эҳтимол дар баъзе ҷойҳо то 12–14 метр  шиддат гирад ва чангу ғубор ба амал оянд. Ҳарорат 34–36 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 13–18 метр шиддат гирад. Ҳарорати ҳаво 23–28 дараҷа гарм хоҳад буд.