Ҳангоми истихроҷи ғайриқонунии тилло дар вилояти Навоӣ панҷ нафар зери харобаҳо ҷон бохтанд

    Бехатарӣ 6 Yanvar 2022 1037

    23 декабр дар ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ шахта фурӯ рафт. Дар зери харобаҳо як гурӯҳи шаҳрвандон, ки ба истихроҷи ғайриқонунии регҳои дорои зарраҳои тилло машғул буданд, монданд.

    Ҳодиса тахминан соати 23:30 дар минтақаи биёбони “Лолазор”-и ноҳияи Қарақат рух додааст. Панҷ сокини Бухороро зери тӯдаи сангу қум пайдо карданд, ҷасади онҳоро вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва ШКДН, ки ба ҷои хидмат расида буданд, пайдо карданд.

    Гуфта мешавад, ки барои рафъи садама панҷ мошини таҷҳизоти махсус ва 63 корманди гурӯҳи наҷотбахш ҷалб шудаанд, хабар медиҳад “Uzreport” бо истинод ба хидмати матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодда.

    Дар иттиҳодияи тиббии шаҳри Зарафшон ташхиси судиву тиббии фавтидагон гузаронида мешавад. Бинобар факти ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates