Дар суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Амири Давлати Қатар шейх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ 13 июл  масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ, суръат бахшидан ба омодагӣ ва пешбурди лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ муфассал баррасӣ шуданд.

Амири Қатар сарвари Ӯзбекистонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона муборакбод намуд.

Аз номи халқи дӯсти Қатар ба сарвар ва халқи бисёрмиллатаи Ӯзбекистон сулҳ, беҳбудӣ, рушди устувор ва шукуфоӣ орзу намуд.

Раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои бечунучарои тавофуқнома ва созишномаҳои дар ҷараёни сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 5-6 июни соли ҷорӣ қабулшуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Аҳамияти дар ояндаи наздик баргузор намудани ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва форуми тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи ду кишвар таъкид гардид.