Вусъат додани хидматрасонии давлатӣ, аз ҷумла, тавассусти иловаи мобилӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҳия ва ҷорӣ кардани низоми Mobile ID-идентификацияи шахс ҳангоми расондани хидмати давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Бо роҳи роҳандозии мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои хусусии тиҷоратӣ тавассути платформаи байниидоравии интегратсионии низоми "Ҳукумати электронӣ" коҳиш додани ҷараёни бюрократӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин низоми рухсатдиҳӣ ва хабардоркунӣ, ки ҳифзи маълумотҳои шахсиро таъмин менамояд, ҷорӣ карда шуда, таҷрибаи додан ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо бо шаҳрвандон, ки далели муайянро мушаххас менамояд, инчунин пешниҳоди хидмати давлатии маҷмӯавӣ бидуни интизори муроҷиати онҳо ба роҳ монда мешавад.
Хидматрасонии давлатӣ ба пиронсолон ва маъюбон содда карда, барои онҳо қулайҳои иловагӣ фароҳам оварда мешавад.
Тартиботи маъмурӣ мақбул гардонда шуда, раванди идоракунӣ бо роҳи рақамигардонии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ дар доираи лоиҳаи "Мақомоти рақамӣ" автоматиконида мешавад.
Инчунин, бекор кардани таҷрибаи аз аҳолӣ талаб кардани ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои муайянро тасдиқ менамоянд, аз ҳисоби ҷорӣ кардани лоиҳаи "Шиносномаи рақамии шаҳрванд" ба нақша гирифта шудааст.
Таҷрибаи расондани хидмати давлатӣ ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дар хориҷ васеъ гардонда мешавад, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Хизматҳои давлатӣ рақамӣ гардонда шуда, 20 фоизи хидмати давлатӣ ба сектори хусусӣ гузаронда мешаванд.