Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Ӯзбекистон, А.Саидов дар доираи чорабиниҳои иттилоотӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и Аврупо ва соҳаи фарҳангию гуманитарӣ як қатор вохӯриҳо доир намуд. Аз ҷумла, бо сармуҳаррири маҷаллаи «Diplomatic World» Барбара Дитрих мулоқот барпо гардид.
А.Саидов дар бораи моҳият ва аҳамияти "Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026", ки Президент Шавкат Мирзиёев тасдиқ намудааст, маълумот дод. Б.Дитрих аҳамияти амалӣ гардондани ҳуқуқҳои инсон, махсусан ҳуқуқҳои занонро кайд намуд. Оиди дар шумораи навбатии маҷаллаи «Diplomatic World» нашр намудани мақола дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад ӮзА.
Менеҷери лоиҳаи маркази таҳлилии «Diplomatic World Institute» Алберто Туркстра дар мулоқот бо Акмал Саидов ба аҳамияти вазифаҳое, ки дар Стратегияи рушд ҷиҳати такмили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ зикр шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба фикри ӯ, ноил шудан ба мақсадҳои оқилона, албатта, боиси баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ мегардад.