Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026: суботи макроиқтисодӣ

    Молия 13 Yanvar 2022 5294

    Дар инфографикаи Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ ва ислоҳот ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии "Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026" тақдим шуданд.

    Барои идома додани ислоҳот аз рӯи ҳамаи самтҳо лоиҳаи "Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026" ва "харитаи роҳ"-и татбиқи он ба муҳокимаи ҷамъиятӣ гузошта шуд.

    Лоиҳаи Стратегияи рушд аз ҳафт самти афзалиятнок иборат буда, ба барномаи пешазинтихоботии Президент Шавкат Мирзиёев, вазифаҳое, ки дар суханронии Сарвари давлат дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Олий Маҷлис бахшида ба вазифа шурӯъ намудани президенти навинтихобшудаи Ӯзбекистон гузошта шудаанд, асос меёбад.

    Дар инфографикаи Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ ва ислоҳот самти сеюми Стратегияи "Ӯзбекистони Нав" – рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани суръати афзоиши он тақдим шудааст, хабар медиҳад “Review”.

    Аз ҷумла, интизор меравад, ки дар панҷ соли оянда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1,6 баробар афзоиш ёфта, даромади ҳар сари аҳолӣ то соли 2030 ба 4 ҳазор доллар мерасад, ки ба шарофати ин Ӯзбекистон метавонад ба қатори «давлатҳои сатҳи даромадашон болотар аз миёна» ворид шавад ».

    Суръати миёнаи солонаи афзоиши ММД дар солҳои 2023-2025 6,5 фоизро ташкил дода, суръати афзоиши солонаи қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ба дараҷаи 16-18 фоиз пешбинӣ шудааст.

    Дар соҳаи таъмини суботи макроиқтисодӣ тадриҷан паст кардани сатҳи солонаи инфлятсия аз 9 фоиз дар соли 2022 то 5 фоиз то соли 2023, инчунин коҳиш додани касри буҷети давлатӣ, ки аз соли 2023 нисбат ба ММД набояд аз 3 фоиз зиёд бошад, пешбинӣ шудааст. Гузариш ба системаи буҷети барномавӣ низ дар назар аст. Буҷети шаҳрвандӣ қабул карда, 5 фоизи маблағи ҳар як ноҳия бо пешниҳоди аҳолӣ ба ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир равона карда мешавад. 50 фоизи маблағе, ки барои таъмири роҳҳои дохилӣ ҷудо карда мешавад, аз рӯи афкори умум тақсим карда мешавад.

    Ҳаҷми қарзҳои солонаи хориҷӣ аз 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд нахоҳад буд. Дар баробари ин, қарзи давлатӣ аз 60 фоизи ММД поён боқӣ мемонад.

    Муҳокимаи лоиҳаи «Стратегияи рушди Ӯзбекистон Нав барои солҳои 2022-2026» то 15 январи соли 2022 идома хоҳад ёфт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates