Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон вусъат меёбад

    Таълим 14 Mart 2023 1452

    Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ҳайати вакилон таҳти роҳбарии вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Абдураҳмонов ҳоло дар Душанбе қарор дорад. Имрӯз вазир Иброҳим Абдураҳмонов бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода мулоқоти расмӣ баргузор намуд.

    Ҷонибҳо масъалаҳои баргузории озмунҳои муштараки лоиҳаҳои илмӣ, роҳандозии табодули академӣ барои донишҷӯён ва олимони ҷавон, татбиқи лоиҳаҳои стартап байни ҷавонон, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ, гузаронидани тадқиқоти амиқ дар соҳаи нанотехнология, геология, биотехнология, зеҳни сунъӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

    Илова бар ин, дар доираи ҳафтаи INNOWEEK, ки ба таври анъанавӣ дар Тошканд баргузор мешавад, доир ба намоиши коркардҳои илмӣ, технологияҳои инноватсионии Тоҷикистон, инчунин доир намудани озмунҳои "TechnoWays" байни донишҷӯён пешниҳодҳо тақдим карда шуданд.

    Раҳим Саидзода зикр кард, ки ин сафар дар остонаи ҷашни бедоршавии табиат – Наврӯз рамзӣ мебошад ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳо изҳори боварӣ намуд.

    Ёдовар мешавем, ки дар ояндаи наздик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин форуми ректорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оғоз мешавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates